Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон маъюбе худро назди бинои амният оташ задааст


Вазъи саломатии Шербой Раҳимов, сокини 42-солаи ноҳияи Шерободои вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон, ки чанд рӯзи пеш худро дар рӯбарӯи бинои шуъбаи Хадамоти амнияти миллии ин ноҳия оташ зада буд, вазнин арзёбӣ мешавад.

Кормандони шуъбаи корҳои дохилии Шеробод гуфтаанд, ки ин мард дар натиҷаи бемории асаб ба ҷони худ қасд кардааст.

Тавре табибон мегӯянд, беш аз 65 дарсади қисмати болои бадани Шербой Раҳимов сӯхтааст. Дар робита ба ин ҳодиса додситонии Шеробод бар пояи қисми 1-и моддаи 103-и Кодекси ҷиноии Ӯзбекистон парванда боз намуда, феълан тафтишот идома дорад.

Ба гуфтаи наздикони Раҳимов, вай шаби ҷумъаи гузашта ҳангоми баргаштан ба хона аз мошини бародари хурдиаш дар наздикии пули Шеробод пиёда шудааст. Дар роҳ як литр бензин харида, назди бинои шуъбаи Хадамоти амнияти миллии ноҳия меравад ва онро ба сарӯ рӯяш рехта, худро оташ мезанад.

Наздикони Раҳимов мегӯянд, ки вай тайи даҳ рӯзи ахир дар ҳолати тарсу ваҳм қарор дошт. "Аз кӯдакиаш маъюби дараҷаи дувум буд ва биноияш заъф дошт. Се фарзандашро бо пули нафақа бузург мекард. Ҳамсараш ҳам барои кумак ба вай дар роҳи Тирмиз обу донаи офтобпараст мефурӯшад. Шербой аз моҳи май инҷониб метарсид, ки ба кӯча барояд ва гирифтори тарсу ваҳм буд. Вай ҳамеша такрор мекард, ки "Кормандони хадамоти амниятӣ таъқибам мекунанд. Маро ором намегузоранд ва мехоҳанд, даромади моро аз савдо бигиранд". Аммо ба мо намегуфт, ки кӣ ва чи гуна ӯро таъқиб мекунад", - афзудаанд наздикони Раҳимов.

XS
SM
MD
LG