Ссылки доступа

Қирғизистон низоми шиносномадиҳиро иваз мекунад


Шуруъ аз 15 август шуъбаҳои шиносномадиҳӣ ва сабти асноди ҳамаи ноҳияҳои Бишкек, инчунин вилоятҳои Ботканд, Ҷалолобод ва Чуй сарфи назар аз ҷои сабти аснод, ҳуҷҷатҳоро тибқи ҷои истиқомат қабул мекунанд. Дар ин бора маркази матбуотии Хадамоти сабти давлатӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои ин ниҳод, низоми нав корро дар доираи низоми иттилоотии худкори "Шиноснома" ва "САҲШ" шуруъ мекунад.

Шуъбаҳои шиносномадиҳӣ ва сабти асноди ноҳияҳои вилоятҳои Ӯш, Таласс, Норин ва Иссиқкӯл қабули ҳуҷҷатҳоро аз миёнаҳои сентябри соли ҷорӣ шуруъ мекунанд.

Ёдрас мешавем, ки пештар шиносномаро сарфи назар аз ҷои зист, мумкин буд танҳо аз маркази байниминтақавии хизматрасонии сокинон дар Бишкек ва ё аз ҷои сабти истиқомат дарёфт кард.

XS
SM
MD
LG