Ссылки доступа

Муҳлати ҳабси Гулчеҳра Бобоқулова тамдид шуд


Додгоҳе дар Москва муҳлати ҳабси Гулчеҳра Бобоқулова - дояеро, дар куштори кӯдаки чаҳорсола айбдор мешавад, то 29 августи соли равон дароз кард.

Ташхиси рӯҳӣ имрӯз Бобоқуловаро носолим хондааст. Бино ба иттилои ТАСС, айбдоршаванда хостааст, ӯро барои табобат ба ватанаш фиристанд. Вай дар яке аз мурофиаҳои қаблӣ гуфта буд, Дар Ӯзбекистон аз маҷзубият (шизофрения) ранҷ мебурд ва дар қайди беморхонаи касалиҳои рӯҳии Самарқанд қарор дорад.

Гулчеҳра Бобоқулова 29 феврал дар назди метрои "Майдони октябр" боздошт шуд. Вай дар даст сари буридаи кӯдакеро дошт. Баъдтар маълум шуд, ки ин зан дояи духтарчаи чаҳорсола будааст. Бино бар иттилои тафтишот, доя интизор шудааст, ки волидон кӯдак аз хона бароянд ва баъдан сари кӯдакро бурида, хонаро оташ задааст. Ҳоло ӯро дар қатли ноболиғ айбдор мекунанд.

Бобоқулова ба гуноҳи хеш иқрор карда, гуфт, бо ин кораш аз Владимир Путин, президенти Русия барои бомбаборони кардани Сурия қасос гирифт.

XS
SM
MD
LG