Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон хариди мошини хизматӣ аз ҳисбои буҷа манъ шуд


Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Точикистон дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе рӯзи 29 июл таъкид кард, танхо аудити дохилӣ ҳудуди 7 миллион сомониро ошкор намуд, ки бо дигар ҳадафҳо сарф шудаанд.

Абдусалом Қурбониён таъкид кард, ки ба мақсади иҷрои дастури ахири раисиҷумҳур барои кам кардани хароҷоти буҷа дар ҳаҷми 450 миллион сомонӣ хароҷот барои мошинхарию биносозиро кам карда ва инчунин инро аз ҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоию нафақа иҷро хоҳанд кард.

Ба ин тартиб қарор аст, аз ҳисоби коҳиши хариди мошинҳои давлатӣ, мебел, таъмири биноҳо ва дигар хароҷоти дуюмдараҷа 300 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби Агентии ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа 150 миллион, ҷамъ 450 миллион сомонии буҷаи давлатӣ сарфа шавад.

Вазир иқрор намуд, ки бӯҳрони сиёсиву иқтисодӣ дар кишварҳои шарики тиҷоратӣ ва ҳар гуна омилҳои беруна ба иқтисоди кишвар ва ба хусус, ба буҷаи давлатӣ таъсири амиқ расондаанд. Ӯ афзуд, ки дар шаш моҳи аввал ҳаҷми умумии буҷа ба маблағи 8,2 млрд сомонӣ ё ба андозаи 99,4 дар сад таъмин гардид.

XS
SM
MD
LG