Ссылки доступа

Ҳиллари Клинтон расман ба мақоми президентии ИМА номзад шуд


Ҳиллари Клинтон шаби чоҳаршанбе зимни суханронии ниҳоӣ дар анҷумани Ҳизби демократ, расман номзадии ҳизб ба мақоми президентии ИМА-ро соҳиб шуд.

Зимни суханрониаш вай худро ба ҳайси роҳбари муттаҳидкунандае, ки ҳам таҷриба ва ҳам сифатҳои муносибе барои идораи кишварро дорад, муаррифӣ кард. Вай қатъан худро дар муқобили номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп гузошт. Клинтон мегӯяд, Трамп инсоне, ки "зимни хурдтарин иғво идораи худро аз даст медиҳад", барои роҳбарии кишвар омода нест.

"Ба оне ки мегӯяд, дар танҳоӣ метавонад ҳамаи мушкилоти мавҷудро ҳал кунад, бовар накунед. Амрикоиҳо намегӯянд, ки ман метавонам дар танҳоӣ мушкилотро ҳал кунам. Мо мегӯем: дар якҷоягӣ онҳоро ҳал мекунем", - афзудаст хонум Клинтон.

Анҷуман муттаҳидии Ҳизби демократиро ба намоиш гузошт. Аммо Ҳиллари Клинтон бо мушкилии ҷиддӣ рӯ ба рӯст: вай бояд интихобкунандагонеро, ки аз сатҳи пасти рушди иқтисодӣ дар даврони роҳбарии Барак Обама норозиянд, қонеъ кунад.

Суханронии Трамп дар анҷумани Ҳизби ҷумҳурихоҳон, ки як ҳафта пеш сурат гирифта буд, аз сӯи аксари амрикоиҳо хуб истиқбол шуд ва ба Трамп имкон дод, ки дар мубориза барои курсии президентӣ аз Клинтон пешсафтар шавад. Ҷонибдорони Клинтон бар ин боваранд, ки мусбатнигарии вай ба оянда метавонад дубора Клинтонро пешсаф созад.

XS
SM
MD
LG