Ссылки доступа

Дар Ҳалаб мухолифон зидди артиши ҳукуматӣ ҳамларо шуруъ карданд


Дар шаҳри Ҳалаби Сурия рӯзи якшанбе нерӯҳои мухолифин ҳамларо зидди артиши давлатӣ, ки қисми аксари шаҳрро муҳосира кардаанд, шуруъ намуданд. Ҷангҳо дар чанд нуктаи канори шаҳр идома доранд, хабар медиҳад Associated Press.

Маркази ҳомии ҳуқуқи Сурия, ки дар Бритониё ҷойгир аст, хабар дод, рӯзи якшанбе минтақаҳои зери назорати мухолифин аз сӯи артиши ҳукуматӣ бомбаборон шудаанд. Сокинони ин минтақаҳо барои хира кардани фазои шарқи шаҳр чархи мошинҳоро оташ зада, дуд мепарокананд.

Шаҳри Ҳалаб, дувумин шаҳри бузургтарини Сурия ба минтақаҳои зери нуфузи нерӯҳои Башор Асад ва мухолифон тақсим шудааст. Ҳафтаҳои ахир артиши ҳукуматӣ фишорро ба мухолифин бештар кардааст. Ду ҳафта қабл артиши Башор Асад роҳи асосии убуру мурури мухолифонро баст. Ба ин тартиб садҳо ҳазор сокин аз дастрасӣ ба ғизо ва кумаки тиббӣ маҳрум шуданд.

XS
SM
MD
LG