Ссылки доступа

"Баклашкафурӯшӣ" манбаи даромади кӯдакон дар Душанбе


Партоби коғазу маҳсулоти пластикӣ дар хиёбонҳои Душанбе ба манбаи даромади кӯдакон ҳангоми таътили тобистона табдил ёфтааст.

Эҳсон Нозилшоеви 12-сола бо ҳамсолонаш ҳар рӯз аз кӯчаву хиёбонҳо дар маҳаллаи "Гипрозем"-и Душанбе коғазпораву маҳсулоти пластикӣ ҷамъоварӣ намуда, мефурӯшад. Дар ин маҳалла анборе низ фаъол аст, ки коғазу ашёи пластикиро мехарад.

Лутфуллоҳ Мирзомуродов, масъули ин анбор мегӯяд, аз партобҳои пластикӣ барои мевагирӣ қутӣ, аз коғазҳопораҳо коғази ташноб ва қуттиҳои тухмгирӣ тайёр мекунанд. Вай гуфт, ки селофанҳоро дубора коркард ва боз селофан истеҳсол мекунанд ва аз пластмассҳои мулоим, барои гирифтани кетчуп зарф омода менамоянд.

Қаблан Масъулони муҳити зист аз афзоиши партобҳои сунъӣ, махсусан паластику пластмасс дар кӯчаву хиёбон ва рӯдхонаҳо нигаронии ҷиддӣ мекарданд. Зеро ба эътиқоди онҳо, ин теъдод партобҳо дар табиат ҳазм нашуда ва ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонад.

Душанбинские дети зарабатывают на продаже баклажек
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:55 0:00

XS
SM
MD
LG