Ссылки доступа

Отамбоев ба Човушоғлу: на кумак кунеду на миннат!


Ба Қирғизистон кумаке, ки шартҳоеро низ дар пай дорад лозим нест. Ин нуктаро Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон рӯзи 1 август зимни як нишасти хабарӣ дар Чолпон-Ота баён доштааст.

Вай иқрор карда, ки Туркия дар пардохти ҳаққи узвияти Қирғизистон кумак кардааст. "Бале, мо рӯзҳои сахте доштем. Вале фикр мекунам, ин гуна дастгирӣ, ки баъдан дар борааш ҳарф мезананду шарт мегузоранд, набояд карда шавад. Мо ҳам ба ин хел кумак ниёз надорем", - афзуд Отамбоев.

Президенти Қирғизистон дар робита ба изҳороти вазири корҳои хориҷии Туркия гуфт, " агар вай ин қадар доност, пас чаро аз кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар кишвараш пешгирӣ накард. Моро ёд надиҳед, мо як кишвари соҳибистиқлол ҳастем, ки медонем, чи тавр зиндагӣ кунем".

Отамбоев суханҳо дар бораи он ки гӯиё ҷонибдорони Фатҳуллоҳ Гюлен дар Қирғизистон ҳам метавонанд, бетартибиҳоеро созмон диҳанд, сафсата хонд.

"Мактабҳои қирғизӣ-туркӣ дар Қирғизистон бар пояи нақшаи таълимии Вазорати маорифи кишвар фаъолият мекунанд. Вале агар масоиле пеш ояд, онҳоро хоҳем омӯхт", - илова кардааст президент Отамбоев.

XS
SM
MD
LG