Ссылки доступа

Варзишгарони Қазоқистон аз санҷиши иловагии дипонгӣ мегузаранд


Кумитаи миллии Олимпӣ (КМО)-и Қазоқистон хабар дод, имрӯз санҷиши иловагии допингии варзишгарони қазоқ, ки интизор меравад дар бозиҳои Олимпии Рио-де-Жанейро аз 5 то 21 август ширкат кунанд, анҷом меёбад.

КМО-и Қазоқистон хабар медиҳад, ки дар маҷмуъ 104 варзишгари қазоқ аз чунин санҷиш мегузаранд. Санҷиши иловагӣ 20 июл шуруъ шудааст ва ҳамаи намунаҳои санҷиши иловагӣ ба ташхисгоҳи Оҷонсии зиддидопингии ҷаҳонӣ (WADA) дар шаҳри Дрездени Олмон фиристода шудаанд.

"Дар сурати пайдо шудани натиҷаи мусбати допингӣ, зидди варзишгар дар сатҳи миллӣ таҳримҳои ҷиддӣ рӯи даст гирифта мешавад", - омадааст дар хабари кумита.

КМО-и Қазоқистон мегӯяд, ҳам КМО ва ҳам вазорати варзиш ва фарҳанги Қазоқистон сиёсати Кумитаи байналхалқии Олимпӣ ва WADA-ро дар самти допингситезӣ ва ҳифзи варзишгарони "тоза" пуштибонӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG