Ссылки доступа

Дар Қирғизистон боздошти аъзои "Порлумони мардумӣ" идома дорад


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) боз як узви "Порлумони мардумӣ" - Тойгонбек Калматовро боздошт кард. Вакили пешини порлумони он кишвар, роҳбари собиқи Оҷонсии давлатӣ дар умури дин дар ғасби ҳокимияти давлатӣ бо роҳи зӯри ва омода шудан барои истифодаи зӯр нисбати намояндагони ҳукумат айбдор мешавад.

Бори аввал моҳи майи соли ҷорӣ роҳбарони фаъоли "Порлумони мардумӣ" - Бекболот Талгарбеков, Торобой Колубоев, Александр Гусев ва Марат Султонов боздошт шуданд. Пеш аз боздошт дар Интернет навор ва садои гуфтугӯи онҳо нашр шуд.

Ба гуфтаи раиси пешини порлумони Қирғизистон, фаъоли ҷамъиятӣ Мукар Чолпонбоев, бино бар мавҷуд набудани далелҳои собиткунанда, тафтишот корро ба дарозо мекашад ва эҳтимол дорад, аз ҳамин хотир парванда то кунун ба додгоҳ ирсол нашудааст. "Ман фикр мекунам, ки гуноҳи онҳоро наметавонанд собит кунанд, чун ба ҷуз аз сабти садои дигар ҳеч чиз маҷуд нест. Сониян, ин ба он мемонад, ки ҳар кӣ зидди давлат изҳори назар кард, ҳамин гуна боздошт хоҳад шуд. Онҳо (ҳукумат) ҳоло ки мехоҳад Қонуни асосиро иваз кунанд. Эҳтимол, ҳама чиз ба ҳамин рабт дорад", - мегӯяд вай.

Аммо вакили порлумон Аламбет Шикмаматов бар ин назар аст, ки ба маҳзи ба додгоҳ фиристодани парванда, паҳлуҳои дигари ин ҳодиса, ки то кунун барои ҷомеа ошкор набуд, рӯшан хоҳад шуд.

"Порлумони мардумӣ" моҳи апрелис соли ҷорӣ таъсис шуд. Гуфта мешуд, ки ин созмон на ба ҳукумат тааллуқ дорад ва на ба мухолифон. Аъзои ин ҳаракат ният доштанд, то ҳудуди 50-60 ҳазор одамро ба майдони марказӣ ба гирдиҳамоӣ бароранд. Роҳбари ин ҳаракат Бекболот Талгарбеков мегуфт, генералҳои рус, ки ба ҳукумат наздикӣ доранд, аз онҳо ҳимоят мекунанд.

XS
SM
MD
LG