Ссылки доступа

Ҳоким: Ҷавони тоҷик духтари қазоқро таҷовуз накардааст


Бейбут Отамқулов, ҳокими вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ дар деҳаи Сайфуллино, ки тайи ду рӯзи ахир шоҳиди нооромиҳост, ҷаласаи ситоди фавриро баргузор намуда, бо сокинон низ мулоқот кардааст.

"Ҳокими вилоят натиҷаи ташхиси тиббиро хонд, ки дар он сурат гирифтани амалҳои зуроварӣ нисбат ба ноболиғ исбот нашудааст. Вай хусусияти ҷиноӣ доштани ҳодисаро қайд намуда, аз сокинони деҳа даъват кард, ба ҳар гуна овозаҳои дурӯғ бовар накунанд", - навиштааст сомонаи хадамоти матбуотии ин вилоят.

Манбаъ ҳамчунин мегӯяд, зимни мулоқот бо сокинони Сайфуллино додситони вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ Иброҳим Имонов низ суханронӣ карда, гуфтааст, "барои ҳифзи субот ва рафъи қонуншиканиҳо чораҳо андешида шудааст".

Нооромӣ дар ин минтақаи Қазоқистон баъди овозаҳо дар бораи аз сӯи ҷавони тоҷик таҷовуз шудани духтари ноболиғи қазоқ сар зад. Бар пояи иттилои пулис, дар натиҷаи бетартибиҳо се нафар захмӣ шудааст.

Шаби 1 ба 2 август дар деҳаи Дихан се хонаву чанд мошинро оташ заданд. Ба гуфтаи пулис, ҳоло вазъ дар ин минтақа ором шудааст. Вале хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ мегӯяд, ба деҳаи Сайфулинно техникаҳои низомӣ сафарбар шуда, бегонаҳоро ба он роҳ намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG