Ссылки доступа

ИМА хабари корбурди заҳр дар Сурияро меомӯзад


Фото кадра видеролика, размещенного "Сирийской гражданской обороной" (1 августа 2016 года)
Фото кадра видеролика, размещенного "Сирийской гражданской обороной" (1 августа 2016 года)

ИМА хабари партофта шудани контейнерҳои гази заҳролуд дар шаҳри Саракеби Сурияро, ки дар натиҷаи он 33 сокини осоишта осеб дидаанд, меомӯзад. Ҷон Кирбӣ, намояндаи Департаменти давлатии ИМА гуфт, "агар ин ҳақиқат дошта бошад, масъала хеле ҷиддӣ аст".

Қаблан гуруҳи ихтиёрии "Мудофиаи шаҳрвандии Сурия" хабар дод, ки шаби душанбе ба сешанбе дар вилояти Идлиби ин кишвар, макони суқути Ми-8-и Русия контейнерҳои эҳтимолан газдор пайдо шудааст.

Тавре дар навори видеоии нашр кардаи ин гуруҳ дар YouTube дида мешавад, наҷотбахшон дар либоси нерӯҳои мудофиаи шаҳрвандӣ ба одамоне, ки нафасгирияшон танг шудааст, ниқобҳои оксиген тақсим менамоянд. Дар бораи пайдоиши ин контейнерҳо ҳомиёни ҳуқуқи инсони Сурия низ иттилоъ дода буданд.

Эътилофи миллии мухолифони Сурия мегӯяд, пушти ин ҷиноят режими президент Башор Асад меистад. Хабаргузории ҳукуматии САНА-и Сурия дар навбати худ хабар дод, ки шӯришгарон дар шаҳри Ҳалаб мушакҳои дорои кулоҳакҳои газдор сар додаанд ва дар натиҷа 5 сокини осоишта куштаву 8 тани дигар осеб дида, нафасгириашон мушкил шудааст.

XS
SM
MD
LG