Ссылки доступа

Дар Қӯрғонтеппа сарбози пойгоҳи 201-уми Русия кушта шудааст


Шаби 30 ба 31 июли соли ҷорӣ дар Қӯрғонтеппа, маркази вилояти Хатлон, як сарбози пойгоҳи 201-уми Русия кушта шудааст. Яке аз афсарони пойгоҳ ин хабарро тасдиқ карда гуфт, ҳодиса шаби шанбе ба якшанбеи 31 июл дар тарабхонаи "Карина"-и шаҳри Қӯрғонтеппа рух додааст.

Вай афзуд, ки он шаб миёни сарбозони рус ва ҷавонони тоҷик муноқиша бархоста, дар натиҷа сарбози рус кушта шудааст.

Тибқи иттилои мавҷуда, дар шаби ҳодисаи мазкур ҳамчунин корманди шуъбаи Оҷонсии мубориза ба маводи мухаддири шаҳри Қӯрғонтеппа ҷароҳат бардоштааст. Дар шуъбаи мазкур ин хабарро тасдиқ карданд.

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, тарабхонаи "Карина" макони дилхушии сарбозони пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия ба ҳисоб меравад ва онҳо дар рӯзҳои истироҳат гуруҳ-гуруҳ ба ин тарабхона меоянд.

XS
SM
MD
LG