Ссылки доступа

Қазоқистон созишномаи иқлимии Порисро имзо кард


Қазоқистон созишномаи Порис оид ба тағйирёбии иқлимро имзо кард, ки аъзояш вазифадоранд, ба коҳиш додани бухорҳои гулхонаӣ мусоидат намоянд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон, раҳбари ин ниҳод Ерлан Идрисов 2 август ин аҳдномаро дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк имзо кардааст.

Дар санади мазкур аз ҳамаи кишварҳо бидуни истисно даъват мешавад, ҳадафҳояшонро дар мавриди кам кардани партовҳо, бозсозии технологӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим муайян кунанд. Дар он ба қатъи истифодаи сӯзишвориҳои канданӣ даъват нашуда, ҳаҷми умумии партовҳои умумиҷаҳонии дуоксиди карбон (CO2) маҳдуд нагаштааст.

Бо ин ҳол, санад пешбинӣ менамояд, ки сар аз соли 2020 ба кишварҳои дар ҳоли рушд барои ниёзҳои технологию саноатиашон дар робита ба ҳифзи иқлим ҳар сол 100 миллиард доллари амрикоӣ ҷудо карда шавад. Созишномаи Порис нахустин созишномаи ҷаҳонии иқлим аст, ки иҷрояш барои тамоми аъзои он ҳатмист.

XS
SM
MD
LG