Ссылки доступа

Пулиси Арманистон фурӯши аслиҳаро зери назорат гирифт


Пулиси Арманистон фурӯши аслиҳаро дар ин кишвар зери назорат гирифтааст, хабар медиҳад сухангӯи пулиси Арманистон Ашот Агаронян.

"Чанд навъи аслиҳа барои фурӯш манъ шудааст", - хабар додааст Агаронян.

Расонаҳо менависанд, ки дар Арманистон баъди ғасби бинои пулиси Ереван ду ҳафта пеш фурӯши аслиҳа манъ шуда буд.

Дар натиҷаи ҳамлаи 17 июли аъзои "Сасна тсрер" ба бинои пулис дар Ереван як полковники милитсия кушта ва чаҳор корманди пулис захмӣ шуданд. Ҳамчунин ҳафт тани дигар ба гарав гирифта шуд, ки дар натиҷаи гуфтушунид бо мақомот дубора раҳо гардиданд.

Ҳамлагарон талаб доштанд, Жирайр Сефилян - ҳамоҳангсози “Маҷлиси муассисон”, ки бо айби ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ ҳабс гардидааст, озод карда шавад.

XS
SM
MD
LG