Ссылки доступа

Дар Қирғизистон ҳаракати зидди тағйири Конститутсия ташкил шуд


Дар Қирғизистон бархе аз гуруҳҳои сиёсӣ ва фаъолони шаҳрвандӣ зидди тағйир додани Конститутсия ҳастанд. Онҳо мегӯянд, ҳукумати амалкунанда ният дорад нуфузи худро тавассути раъйпурсӣ ҳифз кунад. Ин афрод зидди ғасби ҳукумат ҳаракате ташкил кардаанд.

Тавре додрас пешини Палатаи конститутсионӣ Клара Сооронқулова мегӯяд, тағйирот дар Конститутсияро ният доранд бо поймол кардани қонунҳо ворид созанд. Вай бар ин назар аст, ки бояд нахуст машварати конститутсионӣ таъсис гардад ва дар муҳокимаи умум гузошта, баъдан тағйирот ворид карда шавад.

Вакили порлумони он кишвар Чолпон Ҷакупова гуфтааст, дар порлумон бо истифода аз фишор барои ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосӣ имзо ҷамъ мекунанд.

Фаъолон ва шахсиятҳои сиёсӣ дар Қирғизистон зидди тағйири Констутитсия як гуруҳи кории махсусе ташкил кардаанд. Ин гуруҳ ният дорад ба навоҳӣ сафар карда, бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронад.

Нуктаи асосии тағйирот ба Қонуни асосии Қирғизистон густариши салоҳиятҳои ҳукумат ва тезонидани реформаи додгоҳӣ унвон мешавад. Раъйпурсӣ тирамоҳи имсол дар назар аст.

XS
SM
MD
LG