Ссылки доступа

Додгоҳ Матаевҳоро дар ҳабси хонагӣ боқӣ монд


Додгоҳи ноҳияи Есили шаҳри Алмаатои Қазоқистон дархости вакили дифои раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Қазоқистон Саидқозӣ Матаевро дар бораи тағйир додани чораи пешгирикунанда аз ҳабси хонагӣ ба озодӣ дар бадали гарав, рад кард.

Додрас Акболат Курмантаев ҳамчунин ду дархости дигари вакил Андрей Петровро: дар бораи таъйин кардани ташхиси судиву тиббӣ ва баррасии парванда дар Алмааторо рад кард. Оғози муҳокимаи додгоҳӣ дар таърихи 23 август таъйин шуд.

Вакилони дифои Матаев гуфтанд, бо қарори додгоҳ розӣ нестанд ва ба зинаҳои болоӣ шикоят хоҳанд бурд.

Саидқозӣ Матаев аз моҳи феврал ба ин сӯ дар ҳабси хонагӣ аст, писари вай Асет бошад, аз моҳи март ба ҳабси хонагӣ гирифта шудааст. Дар охири моҳи июл додгоҳ муҳлати ҳабси онҳоро то ду моҳи дигар тамдид кард. Падару писар дар қаллобӣ муттаҳам мешаванд. Худи Саидқози Матаев дар саркашӣ аз пардохти андоз низ айбдор аст. Аммо Матаевҳо ин айбҳоро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG