Ссылки доступа

Шӯрои Аврупо аз Туркия даъват кард, ки ҳуқуқи инсонро поймол накунад


Шӯрои Аврупо аз Туркия даъват кард, ҳуқуқи инсонро поймол насозад ва ҳангоми ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани муттаҳамоне, ки дар кушиши табаддулоти давлатӣ даст доштанд, принсипи волоияти қонунро риоя намояд.

Турбёрн Ягланд, дабири кулли Шӯрои Аврупо, ки дар Анқара ҳузур дорад, дар як нишасти хабарии муштарак бо вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Чавушоғлу гуфт, чигунагии таъсиси як шабакаи азим аз сӯи шӯришгарон дар сохторҳои артиш ва низоми додгоҳии Туркия, боиси ҳайрати Аврупо аст.

Янгланд ягона намояндаи баландмақоми Аврупост, ки баъди шӯриши мусаллаҳонаи шаби 15 ба 16 июл нахустин шуда ба Туркия сафар кардааст. Анқара ҷонибдорони руҳонии турк Фатҳуллоҳ Гюленро, ки дар ИМА ба сар мебарад, дар ташкили ин табаддулот айбор мекунад. Худи Гюлен даст доштанашро дар ин табаддулот рад кардааст.

Дар Туркия аллакай бештар аз 10 ҳазор одам боздошт ва наздики 70 ҳазор хизматчии давлатӣ, пулис ва низомӣ аз мақом барканор шудаанд. Дар ин кишвар вазъи фавқулодда эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG