Ссылки доступа

Дар Қирғизистон маҳкумшудаҳои терроризму тундгароиро аз шаҳрвандӣ маҳрум мекунанд


Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистонро қонунеро имзо кард, ки бар асоси он маҳкумшудаҳои терроризму тундгароиро аз ҳаққи шаҳрвандии ин кишвар маҳрум мекунанд. Дар ин бора хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон хабар медиҳад.

Мушаххасан президент Қонун "Дар бораи ворид кардани тағйирот ба бархе аз санадҳои қонунгузории Қирғизистон дар бахши мубориза бо терроризм ва экстремизм"-ро имзо кардааст.

Тағйири мазкур ба Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ, Кодексҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ ва иҷроия, қонун "Дар бораи мубориза бо терроризм", "Дар бораи мубориза бо фаъолияти тундгароӣ", "Дар бораи шаҳрвандии Қирғизистон" ва "Дар бораи суғуртаи давлатии нафақаи иҷтимоӣ" дахл хоҳад дошт. Тибқи он адои ҷазои ҷиноӣ барои зиндониёне, ки бо айби терроризм маҳкум шудаанд, сангинтар мешавад.

XS
SM
MD
LG