Ссылки доступа

Назарбоев бо Урдуғон дар Туркия мулоқот мекунад


Интизор меравад, Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон имрӯз, 5 август дар доираи як сафари расмӣ вориди Туркия шавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуотии президенти Қазоқистон, Назарбоев дар ҷараёни ин боздидаш аз Анқара бо Раҷаб Тайиб Урдуғон, президенти Туркия дидору гуфтугӯ хоҳад дошт.

Дар ҳамин ҳол, Дастгоҳи иҷроияи президенти Туркия иттилоъ додааст, ки мулоқоти Назарбоев бо Урдуғон дар Маҷмааи раёсатҷумҳурии ин кишвар баргузор мешавад.

Ин нахустин сафари расмии Назарбоев ба Туркия пас аз кӯшиши табаддулоти нофарҷом аст, ки Анқара онро кори Фатҳуллоҳ Гюлен, руҳонии турки муқими ИМА хонд. Бо гумони даст доштан дар ин исён ҳазорҳо нафар, аз ҷумла мақомҳои баландпояи артиш ва адлия дастгир шуданд.

Ҳафтаи оянда қарор аст, президенти Туркия ба Русия сафар ва бо ҳамтои русаш Владимир Путин дидору гуфтугу кунад. Ин нахустин сафари Урдуғон ба Русия пас аз беҳтар шудани равобити Анқара бо Москва дар пайи узрхоҳии Туркия хоҳад буд.

Моҳи июли соли равон Путин ба Урдуғон занг зад, то ҳимояташ аз ҳукумати ӯро баъди балвои нофарҷом баён кунад.

XS
SM
MD
LG