Ссылки доступа

Ваъдаи Эрдуғон барои барқарор кардани ҳукми қатл дар Туркия


Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия зимни суханрониаш дар назди тазоҳургарони Истамбул сокинони кишварашро барои аз байн бурдани "шабакаи таъсисдодаи Гюлен" даъват карда, ваъда дод, ки агар вакилон ҷонибдорӣ намоянд, ҳукми қатлро дубора барқарор хоҳад кард.

Дар шаҳри Истамбул ба монанди шаҳрҳои дигари Туркия ҳазорҳо ҷонибдори Эрдуғон гирдиҳам омаданд. Бино ба намоиши шабакаҳои телевизионӣ, иштирокдорони гирдиҳамоӣ, ки бештарашон ҷавонон буданд, дар даст парчамҳои Туркия ба суханҳои эҳсосии Эрдуғон хеле ором вокуниш нишон медоданд. Генералҳое, ки дар сафи аввал менишастанд, низ ба баромади президент эҳсоси ҳамсон баён накарданд.

Бино ба навиштаи хабаргузориҳои ғарбӣ, тазоҳургарони Истамбул, ки зери шиори "Демократия ва шаҳидон" гирдиҳам омада буданд, гӯиё кӯшиши табаддулоти давлатии моҳи июлро маҳкум ва ҷонибдорияшон аз Эрдуғонро баён карданд.

Дар натиҷаи кӯшиши табаддулоти давлатии шаби 15 ба 16 июл дар Туркия беш аз 270 нафар ба ҳалокат расид. Дар пайи ин мақомот наздики 18 ҳазор одамро боздошт ё ҳабс карданд. Даҳҳо ҳазор хизматчии давлатӣ аз симматаш барканор шуда, нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар шоҳиди "поккорӣ"-ҳои дастҷамъист.

XS
SM
MD
LG