Ссылки доступа

"Давлати исломӣ" дар Афғонистон силоҳҳои амрикоиро ғасб кардааст


Аъзои гуруҳи "Давлати исломӣ" гуфтаанд, дар Афғонистон ба аслиҳаи амрикоӣ даст ёфтаанд, хабар медиҳад Reuters.

Аъзои гуруҳи мазкур аксҳои норинҷак, мушакҳои ҳамлшаванда, дастгоҳи мухобиротӣ ва техникаи дигареро, ки низомиҳои амрикоӣ истифода мебаранд, нашр намуданд. Дар аксҳо ҳамчунин ҳуҷҷатҳои яке аз сарбозони артиши ИМА дида мешавад.

"Давлати исломӣ" мегӯяд, низомиҳои ИМА ин аслиҳаро зимни яке аз амалиёт аз даст додаанд. Фармондеҳии ИМА талош дорад муайн кунад, ки ин амалиёт кай ва дар куҷо рух додааст.

Президенти ИМА Барак Обама гуфт, то соли 2017 дар Афғонистон 8400 низомии ИМА хоҳанд монд. Пештар дар назар дошта шуда буд, ки артиши ИМА дар ин кишвар то 5 ҳазор сарбоз кам карда шавад.

XS
SM
MD
LG