Ссылки доступа

Ваъдаи Путину Урдуғон: Анқараву Москва аз пештара дида наздиктар мешаванд


Раҳбарони Русия ва Туркия баъди мулоқот дар шаҳри Санкт-Петербург гуфтанд, ки масъалаи аввалиндараҷа барояшон барқарор шудани равобит миёни ду кишвар аст.

Ба гуфтаи президенти Русия Владимир Путин, Москва тамоми таҳримҳои зидди Анқараро тадриҷан бекор мекунад. "Мо дар пеш корҳои муайян оид ба эҳёи ҳамкориҳои тиҷорию иқтисодиро дорем", - изҳор дошт Путин. Вай афзуд, ки "ин раванд аллакай оғоз шудааст, вале вақт мехоҳад".

Раҷаб Тайиб Урдуғон, президенти Туркия ҳамтои русашро "дӯсти гиромӣ" хонда, гуфт, ки Анқара ва Москва иртиботи аз даст додаашонро дубора барқарор намуда, боз ҳам наздиктар хоҳанд шуд.

Ин нахустин мулоқоти Урдуғон бо Путин баъди сард шудани равобити Русия бо Туркия аст. Муносибатҳои Анқараву Москва пас аз он ки нерӯҳои Туркия моҳи ноябри соли гузашта ҳавопаймои низомии Русияро дар марзи Сурия сарнагун карданд, бад шуд. Кремл низ дар посух ба он зидди Туркия таҳримҳо ҷорӣ намуд.

Бо "гарм" шудани муносибатҳо миёни Туркияву Русия ҳамзамон равобити Анқара бо Ғарб баъди кӯшиши табаддулоти давлатии ноком, ки дар натиҷаи он 230 нафар кушта шуд, сард мешавад. Мақомоти Туркия шарикони ғарбии худро дар он айбдор мекунанд, ки аз табаддулоти давлатӣ дида бештар онҳоро таъқиби исёнгарон нигарон кардааст.

XS
SM
MD
LG