Ссылки доступа

Русия дар Ҳалаб оташбаси рӯзона эълон кард


Бино бар изҳороти мақомоти Русия, низомиён ва нерӯҳои Сурия, ки шаҳри Ҳалабро муҳосира кардаанд, рӯзона се соат амалиёти ҷангиро қатъ мекунанд, то ба ин шаҳр кумаки башардӯстона ворид карда шавад.

Сергей Рудской, намояндаи баландпояи Вазорати дифои Русия гуфтааст, сар аз 11 августи соли равон тамоми амалиёти ҳарбӣ, аз ҷумла ҳамлаҳои ҳавоӣ аз соати 10-и субҳ то соати 13:00 дар Ҳалаб қатъ мешавад.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Стивен О'Брайен, раҳбари ҳайати башардӯстонаи СММ барои ҳамлу нақли кумак ба Ҳалаб ва интиқоли сокинон ба ҷойҳои бехавф оташбаси 48 соатӣ лозим аст. Дар изҳороти Департаменти давлатии ИМА гуфта шудааст, "мо аз ҳама гуна навъи танаффус, ки ба иҷрои таъминоти ҳаётан муҳим имкон медиҳад истиқбол мекунем, вале онро бояд тамоми ҷонибҳои даргир риоя намоянд".

Қаблан СММ даъват кард, ки амалиёти ҷангӣ дар Ҳалаб фавран қатъ гардад, то низоми обу барқтаъминкунии шаҳр барқарор карда шавад. Ба ҳисоби созмон, дар ин шаҳр наздики ду миллион одам ба кумак ниёз доранд. Тавре Рудской гуфт, дар ҷанубу ғарби Ҳалаб ҳаракати техникаҳои низомӣ идома ёфта, шумори ҷанговарон ба 7 ҳазор нафар мерасад.

XS
SM
MD
LG