Ссылки доступа

Амалиёти ХМ Ӯзбекистон дар Андиҷон: 6 нозири роҳ боздошт шудааст


Бино ба иттилои бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ, кормандони Хадамоти махсуси (ХМ) Ӯзбекистон 8 август бо ниқобҳои сиёҳ дар доираи як амалиёт аз Раёсати бехатарии ҳаракат дар роҳҳои Андиҷон "боздид" намуда, чанд тан аз кормандро завлона ба даст бо худ бурдаанд.

Намояндагони раёсати мазкур хабари дастгир шудани шаш нозирри роҳро дар натиҷаи амалиёти кормандони хадамоти махсус тасдиқ карданд, вале аз гуфтани ҷузъиёти он худдорӣ намуданд. Бино ба хабарҳо, ин амалиёт дар доираи чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи манбаъ, боздоштшудаҳо "дар ришвахорӣ, бахусус тасарруфи пули ҷаримаҳо ва низ дар гирифтани аз се ду ҳиссаи пули ҷарима ҳамчун порра" айбдор мешаванд.

Дар кӯчаҳои шаҳри Тошканд барои поин бурдани сатҳи коррупсия дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳҳо дурбинҳои назоратӣ насб гардидааст, ки охирҳои моҳи равон фаъол хоҳанд шуд. Вале коршиносони мустақил мегӯянд, 120 дурбини назоратӣ барои коҳиши амалҳои коррупсионӣ дар шаҳре, ки 3 миллион аҳолӣ дорад, кофӣ нест.

XS
SM
MD
LG