Ссылки доступа

Украина дар робита ба айбдорсозиҳои Русия ба СММ шикоят мебарад


Киев баъди хабари Хадамоти федеролии амнияти (ХФА) Русия дар бораи боздошти харобкорони украинӣ, ки гӯиё мехостанд дар Қрим теракт анҷом диҳанд, ба Шӯрои амнияти СММ шикоят мебарад. Дар ин бора намояндаи доимии Украина дар СММ Владимир Елченко хабар додааст.

Ба гуфтаи Елченко, ин масъала ҳоло баррасӣ мешавад ва ба гуфтаи вай, Киев ҳар лаҳза ба ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ омода аст. Намояндаи Украина ният дорад, аз вазъияти мазкур ба дабири кулли СММ Пан Ги Мун хабар расонад.

Муносибати Русия ва Украина баъди нашри хабари ХФА-и Русия дар бораи боздошти "харобкорон" дар Қрим, ки гӯё кормандони ниҳоди иктишофии Украина будаанд, якбора бад шуд. Владимир Путин, президенти Русия гуфт, ҳукумати Украина ба таҷрибаи террор гузаштааст. Ба гуфтаи Путин, дар ин шароит мулоқоти "формати нормандӣ" дар масъалаи танзими низоъи Донбасс "бемаънист".

Президенти Украина Петр Порошенко мегӯяд, Украинаро ба анҷоми амалҳои террористӣ дар Қрим айбдор кардани Русия амали бешармонаву бемаънист. Ин монанди ҳамон изҳороти раҳбарияти Русия аст, ки гуфт, низомиёни кишвараш дар Донбасс ҳузур надоранд.

"Ин афсонаҳо - баҳонаҳои дигаре барои таҳдиди Украина ҳастанд", - изҳор доштааст Порошенко.

XS
SM
MD
LG