21 сентябри соли 2015 як трамвай бе мусофир ва бе қаторҳои иловагӣ аз кӯчаи марказии шаҳр мегузашт ва дар рӯи роҳ ба 21 мошин бархурд. Дар он садама 4 нафар ҷароҳат бардошта буд. Ҳодисаи дигари ба ин монанд 13 октябр рух дод. Он рӯз низ трамвай бе қатори иловагӣ ҳаракат мекард ва ба бештар аз 10 мошин бархурд. Дар ҳодисаи дувум 2 кас захм бардошт.
Баъди ин ду ҳодиса ҳаракати трамвайҳо манъ шуд.
Мақомоти шаҳрӣ бештар аз 10 сол аст, ки ваъдаи бунёди роҳи сабуки трамвайро медиҳанд. Эҳтимол мерафт, ки чунин роҳҳо соли 2020 ба кор андохта шаванд ва дар рӯз то ба 62 ҳазор мусофир хизмат расонанд. Аммо ҳанӯз нақшаи дақиқе рӯи даст гирифта аншудааст.