Ссылки доступа

Камбуди буҷа эҳтимоли ихтисори Бозиҳои паролимпиро дар Рио бар бор овардааст


Ҳукумати Бразилия расман эълон кард, ки ба буҷаи баргузории бозиҳо дар Рио 250 млн. реал (тақрибан 80 миллион доллар) намерасад, билетҳои мусобиқаҳоро бошад, кам мехаранд. Дар ҳамин ҳол, муроҷиат ба сармоягузорон то кунун натиҷае ба бор наовардааст.

Ба далели камбуди сармоя барномаи Бозиҳои паролимпӣ дар Рио, ки аз 7 то 18 сентябр барпо хоҳанд шуд, мумкин аст ихтисор гардад, менависад нашрияи Wall Street Journal. Аммо ҳоло дақиқ нест, ки кадом навъи варзиш то чӣ ҳад ихтисор мешавад.

Ба гуфтаи котиби матбуотии Кумитаи байналхалқии паролимпӣ Крейг Спенс, ташкилкунандагони бозиҳо дар Рио натавонистанд, ки маблағи 7,4 млрд. реал (2,3 миллиард доллар)-ро ҷамъ биоранд. Ин миқдор маблағ барои баргузории ҳар ду навъи бозӣ - ҳам Олимпӣ ва ҳам Паролимпӣ кифоят мекард.

Ба ҷуз ин, Кумитаи тадорукоти Бозиҳои 2016 натавонист, ки барои овардани тимҳои паролимпӣ ба Рио сари вақт маблағҳоро ба кишварҳо интиқол диҳад.

Ба ҳамин далел, ташкилкунандаҳо сари ин андешаанд, ки чӣ гуна шумори мусобиқаҳо ва ширкатдоронро дар Паролимпиада кам кунанд. Интизор мерафт, ки дар Паролимпиада бештар аз 4 ҳазор варзишгар аз 176 кишвар ширкат кунанд.

XS
SM
MD
LG