Ссылки доступа

Таҳдиди дубораи Туркия ба ИА: созишномаи гурезаҳоро бекор мекунем


Мавлуд Чавушоғлу, вазири корҳои хориҷии Туркия Иттиҳоди Аврупоро (ИА) таҳдид кард, ки дар сурати рад шудани рафтуои бе визаи шарҳрвандони Туркия, созишномаи муҳоҷирон бекор мешавад. "Ё мо ҳамаи созишномаҳоро дар як вақт ба иҷро мерасонем ва ё ҳамаашро канор мегузорем", - афзуд вай.

Ба гуфтаи ҷониби Туркия, рафтуои бе виза бо ИА қисме аз созишномаи Туркия бо ИА дар мавриди гурезаҳост ва бояд бе таъхир ба иҷро дарояд.

ИА дар навбати худ бар ин назар аст, ки Анқара на ҳамаи талаботи лозимро барои бе кор кардани виза ба анҷом расонидааст. Яке аз ин талабот тағйирот ба қонунгузории мубориза бо терроризм аст, ки ба гуфтаи ИА, роҳбарияти Туркия онро барои мубориза бо рақибони сиёсиаш истифода мекунад.

Созиши байни Брюссел ва Анқара дар мавриди баргардонидани ҳамаи муҳоҷирони ғайриқонуниест, ки тавассути роҳи обӣ ба соҳилҳои Юнон расидаанд. Онҳо бояд ба Туркия баргардонида шаванд. Дар робита ба ин ИА уҳдадор шуд, ки дар ивази ҳар муҳоҷири ғайриқонунӣ як паноҳандаи Сурияро аз ҳудуди Туркия ба Иттиҳоди Аврупо роҳ диҳад.

Ба ҷуз ин, Брюссел розӣ шуд, то ба Анқара 6 миллиард евро бидиҳад - ин пулҳо бояд барои барвоварда кардани ниёзҳои гурезагон сарф шаванд.

XS
SM
MD
LG