Ссылки доступа

Дар Озарбойҷон таъқиби тарафдорони Гюлен шуруъ шуд


Дар Озарбойҷон зидди ҷонибдорони руҳонии турк Фатҳуллоҳ Гюлен, ки дар ИМА ба сар мебарад, парванда боз шудааст. Мақомоти Туркия Гюленро дар ташкили табаддулоти нофарҷоми моҳи июл айбдор мекунад. Додситонии Озарбойҷон ба хотири "пешгирӣ аз фаъолияти ғайриқонунии ҷонибдорони Гюлен дар Озарбойҷон" чораандешӣ мекунад. Дар ин бора Би-би-сӣ хабар медиҳад.

Тавре сомонаи Haqqin.az менависад, даъватҳои оммавӣ "ба сарнагунии сохти конститутсионӣ" асоси таъсиси парванда шудаанд.

Ҳоло на манбаъҳои расмӣ ва на ғайри расмӣ дар бораи фарди айбдоршаванда ва сабабҳои парванда хабар намедиҳанд. Сомонаи Haqqin.az менависад, эҳтимол дорад, аъзои Ҳизби мухолифи Фронти халқӣ ба ҷавобгарӣ ҷалб шуда бошанд.

Туркия дар масъалаи низоъи Қарабоғи куҳӣ ошкоро аз Озарбойҷон ҳимоят мекунад. Мақомоти Озарбойҷон дар замони ташаннуҷи муносиботи Туркияву Русия ҳимояти худро аз Туркия эълон карда буданд.

XS
SM
MD
LG