Ссылки доступа

Назарбоев ба Путин: Порошенко дар масъалаи Донбасс ба созиш майл дорад


Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мегӯяд, Петр Порошенко, президенти Украина барои манъи низоъ дар шарқи кишвараш дар ҷустуҷӯи созиш аст.

Назарбоев дар Сочии Русия бо президенти ин кишвар Владимир Путин мулоқот кард. Назарбоев гуфт, "ахиран" бо президенти Украина суҳбати телефонӣ доштааст.

Путин аз Назарбоев барои нақшофариаш дар роҳи беҳ шудани муносиботи Русия ва Туркия сипосгузорӣ кард. Дар ҳамин ҳол, Путин гуфт, умедвор аст, гардиши тиҷорат байни Русияву Қазоқистон, ки ахиран коҳиш ёфтааст, дубора рушд кунад.

Назарбоев ба рӯзноманигорон хабар дод, ки то охири имсол ният дорад бо Путин панҷ бори дигар мулоқот кунад. Сафари ахири Назарбоев ба Сочи аз соли 2012 ба ин сӯ 19-умин сафари вай ба Русия аст.

XS
SM
MD
LG