Ссылки доступа

Зодаи Ӯзбекистон дар Москва барои доруи таскиндиҳанда ронандаи ёрии таъҷилиро маҷруҳ кард (видео)


Пулиси Москва як зодаи Ӯзбекистонро бо гумони кордкашӣ боздошт кардааст. Гумонбар ба ронандаи мошини ёрии таъҷилӣ ҳамла карда, аз вай барои дарди дандонаш доруи таскиндиҳанда талаб намудааст.

Ин ҳодиса соати 4 субҳ рух додааст.

"Дар чанд дақиқаи баъди ҳодиса пулис як шаҳрванди 30-солаи Ӯзбекистонро бо гумони ҳамла боздошт кардаанд".

Бино бар иттилои тафтишот, ин мард "сӯи мошини ёрии таъҷилӣ шитофта, талаб кардааст, ки ба ӯ сузандору гузаронанд. Ҳамзамон вай ронандаро бо корд дар қафаси синааш задааст". Ронанда дар беморхона бистарӣ шудааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, дар сурати исботи гуноҳ, шаҳрванди Ӯзбекистонро то 12 сол зиндон таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG