Ссылки доступа

Писарбачаи захмии 5-сола ба рамзи ҷанги Сурия табдил ёфт


Писарбачаи 5-солае, ки аз ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Ҳалаб ҷон ба саломат бурд, баъди нашри аксҳояш дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба намоди ҷанги Сурия табдил ёфтааст.

Рӯзноманигоре, ки акси вайро бардоштааст, мегӯяд, дар натиҷаи ин ҳамлаҳои ҳавоӣ 8 нафар, аз ҷумла 5 кудак кушта шудаанд. Маркази назорати риояи ҳуқуқи инсони Сурия гуфтааст, ҳамлаҳои мазкурро ҳавопаймоҳои артиши президент Башор Асад анҷом додаанд.

Ибтидои моҳи августи соли равон СММ изҳори нигаронӣ намуд, ки вазъ дар Ҳалаб ба фоҷеаи инсонӣ наздик омадааст. Ба иттилои ин созмон, дар шаҳре, ки бомбаборонаш қатъ намешавад, низоми обу барқу корез баҳам хӯрдааст. Ба иллати гармии ҳавои тобистон ва набудани об саломатии кудакони шаҳри Ҳалаб дар хатари ҷиддӣ қарор дорад, мегӯяд Бунёди кудаконаи СММ (ЮНИСЕФ).

Ба ҳисоби Маркази қайди хушунат дар Сурия, ҷанги шаҳрвандии ин кишвар ҷони 14 ҳазор ноболиғро рабудааст. Дар низои Сурия аз баҳори соли 2011 то ҳоло ҷамъан беш аз 280 ҳазор кас кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG