Ссылки доступа

Кодекси замини Қазоқистон то соли 2021 тағйир намёебад


Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон муҳлати моратория ба тағйири Кодекси замини кишварашро то соли 2021 дароз кард.

Тағйири кодекси мазкур хусусӣ кардани заминҳои корам ва ба муддати тӯлонӣ иҷора додани он ба хориҷиёнро иҷоза медод.

Хадамоти матбуотии президенти Қазоқистон мегӯяд, ин қарор 18 майи соли равон, баъди он ки комиссияи ислоҳоти замин пешниҳод кард, қабул шудааст.

Ибтидои моҳи майи соли равон Назарбоев ба ислоҳоти Кодекси замини Қазоқистон, ки сар аз 24 апрел ба эътирозҳои мардумӣ дар як қатор шаҳрҳои ин кишвар сабаб гардид, моратория эълон карда, дастур дод, то комиссияи ислоҳоти замин таъсис дода шавад.

Бештари иштирокдорони таҷаммуъҳои эътирозӣ нигаронӣ намуданд, ки ин ислоҳот ба хориҷиён имконият медиҳад, то заминҳои корамро ба моликияти шахсиашон табдил диҳанд.

Ҳамчунин эътирозгарон изҳори нигаронӣ карданд, ки эҳтимол дорад музоядаҳои фурӯши замин ғайришаффоф баргузор шуда, дар ниҳоят онҳоро на деҳқонон, балки элитаи соҳибкорон бигиранд.

XS
SM
MD
LG