Ссылки доступа

Дар Гурҷистон ҷонибдорони қонунисозии бангдона эътироз карданд


Дар шаҳри Самтредиаи Гурҷистон шаби шанбе ба якшанбе миёни пулис ва ширкатдорони иқдоми қонунисозии бангдона низоъ бархост. Ширкатдорони иқдоми мазкур мошинҳои пулисро ранги сафед молиданд.

Ин эътирозро назди бинои пулис ҳаракати ҷавонони маъруф ба "Садои сафед", ки аз қонунисозии маводи мухаддири сабук ҷонибдорӣ мекунад, ташкил кардааст.

Фаъолони ҳаракати мазкур дар робита ба марги Демур Стуруаи 22-сола, ки чанд рӯз пеш худкушӣ кард, даст ба эътироз задаанд. Пеш аз худкушӣ вай хатчае навишта, гуфтааст, як корманди пулис аз ӯ хостааст, ки миёни мардум хабарчинӣ кунад, дар сурати саркашӣ кардан аз ин дархост, зидди вай бо айби нигаҳдорӣ ва истифодаи маводи мухаддир парванда боз мешавад.

Ширкатдорони иқдоми эътирозӣ нашъаманд будани Демурро рад намекунанд, аммо ба бовари онҳо, сиёсати бераҳмонаи ҳукумати Гурҷистон нисбати маводи мухаддир ба пулис имкон медиҳад, ки ба муътодон фишор биоранд ва таҳдид кунанд. Ва яке аз чунин фишорҳо ба марги ҷавоне боис шуд.

Эътирозгарон норинҷакҳои садоафкан партоб карда, мошинҳои пулисро ранги сафед молида ва дар мошинҳо навиштаҷоти "маро накушед - ман ҳам одамам" часпонидаанд. ВКД-и Гурҷистон бар асоси моддаи "хисорот ба молу мулки ғайр" парванда кушода ва хабар додааст, ки эҳтимол чанде аз эътирозгарон боздошт шаванд.

XS
SM
MD
LG