Ссылки доступа

Эрдуғон: таркиш дар ҷашни арӯсиро як наврас анҷом додааст


Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркия 21 август гуфтааст, ҳамла ба як ҷашни арӯсӣ дар шаҳри Ғозиёнтеппаро, ки ҷони беш аз 50 нафарро рабуд, як наврас анҷом додааст.

Ба гуфтаи президенти Туркия, синни маргталабе, ки сабабгори ҳалокати қариб 50 нафар ва ҷароҳати беш аз 90 тан шуд, байни 12 то 14-сола будааст.

Мақомоти Туркия ин ҳодисаро амали террористӣ хонда, гуфтанд, пушти ҳамла гуруҳи терррористии "Давлати исломӣ" (ДИ) меистад. Аммо он то ҳол масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст.

Шаби шанбе ба якшанбе ин маргталаб худро дар яке аз кохҳои шаҳри Ғозиёнтеппа, дар авҷи ҷашни арӯсӣ тарконд. Бино ба хабарҳо, арӯсу домод ва меҳмонон курд буданд. Ғозиёнтеппа дар ҷануби Туркия, наздикии марзи Сурия ҷойгир аст, ки дар онҷо миёни гуруҳҳои мусаллаҳи курд ва ҷиҳодиён задухӯрдҳо идома дорад.

XS
SM
MD
LG