Ссылки доступа

Ҷанҷоли сархушонаи муҳоҷирон боиси марги як нафар шуд


Муҳоҷирони тоҷику ӯзбек дар шимоли Москва байни ҳам ҷанҷол карданд, ки дар натиҷа як нафар кушта шудааст, хабар медиҳад Интерфакс.

Ба иттилои нашрия, ҷанҷол нимашабии 20 август рух додааст. Кормандони корхонаи "Жилишник" баъди майнӯшӣ ба ҷони ҳам дарафтодаанд. Наздики 35 нафар дар ин занозанӣ ширкат доштааст.

Хабар дода мешавад, ки ду корманд ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шудаанд. Субҳи рӯзи якшанбе яке аз онҳо фавтидааст.

Ба иттилои расонаҳо, баъди ин занозанӣ ду кӯчаруби корхонаи мазкур боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG