Ссылки доступа

Толибон роҳи содироти сементи Тоҷикистонро баст


Тахриби пули Олчин дар вилояти Кундуз равуои заминӣ миёни Тоҷикистону Афғонистонро қатъ кардааст.

Масъулони вилояти Кундуз мегӯянд, рӯзе беш аз сад мошини борбар аз Тоҷикистон ба Кундуз рафта, аксаран сементу маҳсулоти полезӣ мебурданд.

Неъматуллоҳ Темур, сухангӯи волии Кундуз 22 август гуфтааст, "ин пул аҳамияти муҳими стратегӣ дорад" ва вайрон шуданаш на танҳо роҳи Тоҷикистон, балки вилоятҳои Тахору Бадахшонро ба Кобул низ бастааст.

Ин масъули вилояти Кундуз афзуд, Тоҷикистон Кундузро бо семент таъмин мекард. "Пештар ин бозор дар дасти Покистон буд. Ҳоло ин амал ниёзмандии яке аз вилояти бузурги Афғонистонро ба маҳсулоти Покистон боз бештар мекунад”, - изҳор медорад Неъматуллоҳи Темур.

Пули Олчин дар вилояти Кундуз шаби 21 август дар натиҷаи як таркиш хароб шуд. Мақомоти Афғонистон тахриби пулро кори дасти Толибон донистанд. Ба гуфтаи Неъматуллоҳи Темур, Толибон пас аз ду кӯшиши ноком билохира шаби гузашта пулро вайрон карда, ҳоло чаҳор вулусволии наздимарзӣ бо Тоҷикистон, аз ҷумла Имом Соҳиб ва Дашти Арчиро ба муҳосира гирифтаанд.

Вай гуфт, "қарор шудааст, барои рондани Толибон аз наздикиҳои пул амалиёти низомӣ гузаронида ва дар зудтарин фурсат роҳро дубора барқарор созем. Зарари воридшуда ба ин пул ҳисоб мешавад ва кори нахустине, ки ҳукумати Афғонистон бояд бикунад, ин сохтани пул аст".

XS
SM
MD
LG