Ссылки доступа

Отамбоев ба санҷиши тамоми созишномаҳои марзӣ дастур дод


Президент Алмосбек Отамбоев ба ҳукумат ва Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дастур додааст, тамоми шартнома, созишнома, протокол ва ёддоштҳои байнулмилалии кишвараш, аз ҷумла марбут ба масъалаҳои марзиро ҷиддан бисанҷанд.

Дар ин бора шуъбаи сиёсати иттилоотии дастгоҳи иҷроияи президенти Қирғизистон иттилоъ додааст.

Отамбоев гуфтааст, бо гузашти ҳар рӯз маълум мешавад, ки президент ва мансабдорони баландпояи пешини давлатии Қирғизистон заминҳоеро, ки мардум ва миллати қирғиз аз они худ медонанд, ҳаққи ҳамсоягонашон эътироф кардаанд.

"Иттилоъ дар бораи ин "гузаштҳо"-ро мансабдорон сахт махфӣ нигоҳ медоштанд ва аз ин рӯ, дар бораи онҳо на танҳо мардум, балки раҳбарияти кунунии кишвар, бахусус президент низ хабар надорад. Мардум бояд ҳақиқати тамоми "созишномаҳо"-и мазкурро, ки замоне мутаассифона, аз сӯи намояндагони қонунии Қирғизистон имзо шудаанд, донанд. Ҳарчанд онҳо тасвиб нашудаанд ва тибқи тартиби муқарраршуда қуваи қонунӣ ҳам нагирифтаанд, аммо бар пояи меъёрҳои ҳуқуқи байнулмилалӣ онҳо асоси тамоми шартномаҳои ояндаро ташкил дода, барои расидан ба манофеи миллии Қирғизистон мушкил ва монеаҳо эҷод мекунанд", - гуфтааст президент Отамбоев.

XS
SM
MD
LG