Ссылки доступа

Додгоҳе дар Москва Поткинро 7,5 сол зиндонӣ кард


Додгоҳе дар Москва миллатгарои рус Александр Поткин (Белов)-ро 7,5 сол зиндонӣ ва 600 ҳазор рубли русӣ ҷарима кард.

Ин узви ҳаракати мамнуи "Русҳо"-ро бар асоси чаҳор модда айбдор донистанд. Додгоҳ ҳамчунин даъвои шаҳрвандиро дар ҳаҷми 4,9 миллиард рубл, ки аз ҷониби бонки БТА-и Қазоқистон нисбати Поткин ворид шуда буд, ба таври комил қонеъ кард. Вакили дифои Поткин ният доранд ба зинаҳои болоии додгоҳ муроҷиат кунанд.

Поткин моҳи октябри соли 2014 дар доираи парвандаи дуздии панҷ миллиард рубли русӣ аз бонки қазоқии БТА, боздошт шуда буд. Ин миллатгароро дар қонунигардонии пулҳое, ки бо роҳи ҷиноят ба даст омадаанд, ташкили ҷамъияти экстремистӣ, харобкорӣ ва барангехтани адовати миллӣ айбор карданд. Ба иттилои тафтишот, вай ҳамчунин ният дошт зидди президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев қиём кунад.

Александр Поткин ин айбҳоро рад мекунад ва парвандаи ҷиноятиро хушунати сиёсӣ меномад.

XS
SM
MD
LG