Ссылки доступа

Наталя Уласик дар боздоштгоҳи Қарағанда нигаҳдорӣ мешавад


Наталя Уласик, фаъоли ҷамъиятӣ ва сокини дастгиршудаи шаҳри Жезказгани Қазоқистон дар боздоштгоҳи Қарағанда қарор дорад.

Масъулини боздоштгоҳ дар суҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳанӯз маълум нест, Уласикро кай ба Алмаато интиқол медиҳанд.

Қаблан ҷонибдорони фаъоли ҷамъиятии ҷазок дар Интернет хабар доданд, ки Уласик аз боздоштгоҳи Қарағанда тамос гирифта, гуфтааст, ки вайро барои ташхиси равонӣ ба Алмаато мебаранд.

Ҳомии ҳуқуқ Евгений Жовтис дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст, "бар пояи далелҳои мавҷуда метавон ҳадс зад, ки бо шеваи маъруфи замони шӯравӣ "ҷазодиҳии равонӣ" рӯбарӯ хоҳем шуд".

Наталя Уласикро, ки бо нигоштаҳои интиқодии шадидаш зидди ҳукумати Қазоқистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъруф аст, 22 августи соли равон дар толори додгоҳи Жезказгани вилояти Қарағанда дастгир карданд.

XS
SM
MD
LG