Ссылки доступа

Чӯҷаҳои шутурмурғи африқоӣ дар Тоҷикистон (видео)


Шутурмурғҳои африқоӣ баъди се соли зиндагӣ дар шимоли Тоҷикистон ба соҳибашон чанд сар чӯҷа доданд.

Аминҷон Қосимов, раҳбари фермаи ягонаи шутурмурғпарварии кишвар гуфт, интизории сесолааш билохира бор овард ва вай талош дорад, ки чӯҷаҳоро солиму бардам бузург кунад.

Қосимов се сол пеш 100 чӯҷаи шутурмурғи навъи африқоиро ба хотири парвариш аз Эрон ба Тоҷикистон овард, аммо дар ин муддат тавонист, ки танҳо 15 ҷуфти онҳоро зинда нигоҳ дорад. Дарозумрӣ ва кам хӯрдани шутурмурғ Аминҷонро дилбастаи ин мурғ намудааст ва мегӯяд, ки бо вуҷуди талаби заҳмати зиёд, аз ин роҳаш пас нахоҳад гашт.

"Боре дӯстонам аз Аврупо меҳмон шуданд ва гӯсфандони фермаи моро дида, ба шутурмурғпарварӣ ташвиқ карданд. Гуфтанд, ки агар гӯсфанд дар як сол 50 кило гӯшт ва равған диҳад, як шутурмурғ даҳҳо бор зиёд даромад медиҳад. Чунки як шутурмурғ 70 дона тухм мекунад ва аз он дасти кам 50 чӯҷа барорему парвариш кунем, дар як сол ҳар сараш то 100 кило вазн мегирад ва ҷамъан 5 тонна мешавад”, – нақл кард вай.

Парвариши шутурмурғ дар Тоҷикистон таҷрибаи нав аст. Ба гуфтаи Аминҷон Қосимов, вайро ба парвариши шутурмурғ на танҳо нияти ба даст овардани даромад, балки шавқи нигоҳубини паррандаҳои ороишиву ғизоӣ низ таҳрик дод. Ҳоло вай дар фермааш як села кабӯтар, чанд ҷуфт товус, мурғи шоҳона ва асп низ дорад.

Гӯшти шутурмурғ, ки дар таркибаш равған ва холестерин надоштаст, аз гӯшти гов як ё якуним баробар зиёд арзиш дорад, вале дар бозори дохилӣ ноёб аст.

В Таджикистане разводят цыплят африканских страусов
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:53 0:00

XS
SM
MD
LG