Ссылки доступа

Медведев ба парвозҳои миёни Русия ва Туркия иҷозат дод


Дмитрий Медведев, сарвазири Русия имрӯз бо имзои як қарор дубора ба парвозҳои чартерии миёни кишвараш ва Туркия иҷозат дод.

Дар ин қарор омадааст, ки масъулони ширкатҳои ҳавоӣ барои таъмини амнияти мусофирон ҳангоми парвозҳо ба Туркия бояд чораҳои иловагӣ биандешанд.

Парвозҳои як дафъаина ё чартерӣ аз Русия ба Туркия моҳи декабри соли 2015, дақиқтараш баъди сарнагун гардидани ҳавопаймои низомии ин кишвар аз сӯи нерӯҳои турк манъ шуда буд.

Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркия моҳи июни соли равон аз наздикони халабони кушташудаи ҳавопаймо узр пурсид ва Владимир Путин, президенти Русия баъди он фармон дод, ки таҳримҳо зидди маҳсулоти Туркия бекору фурӯши чипта ва парвозҳои як дафъаина миёни ду кишвар аз сар гирифта шавад.

XS
SM
MD
LG