Ссылки доступа

Президенти Туркманистон хостори ситоиши кишвараш дар хориҷ аст


Дар ҷаласаи ахири ҳукумати Туркманистон президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дастур додааст, ки дастовардҳои кишвараш дар хориҷ бештар тарғиб шаванд.

"Дар кишвари мустақили мо тарҳҳои бузурге амалӣ мешаванд. Сатҳи зиндагии мардум боло меравад, шаҳрҳо ва деҳаҳои нав бунёд мешаванд, пулҳо, фурудгоҳҳо ва мактабу донишгоҳҳо бунёд мешаванд. Корхонаҳои дорои техникаи муосиртарин сохта мешаванд", - гуфтааст Бердимуҳаммадов.

Аммо, ба андешаи президент, дар бораи комёбиҳои Туркманистон дар хориҷ аз кишвар камтар огоҳӣ доранд. Ба ин далел, бояд дастовардҳои Туркманистон бештар тарғиб шаванд.

Ба гуфтаи Бердимуҳаммадов, бояд "бо созмонҳои маъруфи рӯзноманигорӣ иртибот пайдо карда, узви ин созмонҳо шуд. Бо дарёфти узвият, Туркманистон имкон пайдо мекунад, ки комёбиҳояшро дар ҷаҳон тарғиб кунад".

Ба ҷуз ин, Бердимуҳаммадов гуфтааст, бояд расонаҳои Туркманистон бозсозӣ шаванд. Шумори рӯзноманигор бештар шуда, сохтори Хабаргузории давлатии Туркманистон тағйир дода шавад, афзудаст Бердимуҳаммадов. "Ман фикр мекунам, ки хуб мешавад, агар нисфи рӯзноманигорони хабаргузорӣ барои кишварҳои хориҷ хабар таҳия кунанд ва нисфи дигараш барои кишвари худамон", - илова кардааст президенти Туркманистон.

XS
SM
MD
LG