Ссылки доступа

Тоҷикистон аз низоми таҳсили шӯравӣ даст мекашад


Аз соли нави таҳсил омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ дар мактабҳои Тоҷикистон ба усули нави таълим мегузаранд.

Латофат Назирӣ, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, барои роҳандозии ин навъи таълим дар се моҳи таътили тобистона омӯзгоронро бо давраҳои омӯзишӣ фаро гирифтаанд.

Ба гуфтаи вай, усули нави таълим "таҳсили босалоҳият" ном дошта, онро равоншинос ва педагоги амрикоӣ Бежамин Блум таҳия кардааст ва дар Ғарб низ бисёр маъруф аст. Муаллифи усули нав бовар дорад, ки бо ташкили шароити мусоиди таҳсил мумкин аст ба натиҷаҳои беҳтаре ноил шуд.

Дар доираи барномаи гузариш ба ин усули таълим барои синфҳои ибтидоӣ китобҳои нав низ таҳия шудааст. Азим Байзоев, яке аз ташаббускорони барнома мегӯяд, дар ин усули таҳсил на "қорӣ аз ёд" кардани муҳтавои дарс, балки дарку фаҳми мавзӯи дарсӣ ва чӣ гуна иҷрои он дар амал муҳим аст.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ин усули нави таълимро соли гузашта дар 55 мактаби Тоҷикистон таҷриба кардааст. Баъди ба даст омадани натиҷаи хуб ин тарҷиба соли ҷорӣ дар тамоми мактабҳо роҳандозӣ шудааст. Вазорат тасмим дорад, солҳои оянда низоми таълими салоҳиятнокро дар синфҳои болоӣ низ амалӣ кунад.

XS
SM
MD
LG