Ссылки доступа

Дар Олмон як духтари 16-сола ба терроризм айбдор шуд


Додситонии Олмон як духтари 16-соларо дар талоши куштор ва пуштибонӣ аз созмони террористӣ айбдор мекунад.

Ба гуфтаи мақомот, Сафия С. моҳи феврали имсол, ки як пулисро дар Ҳанновер бо корд захмӣ кард, дар ин ҳодиса ҳамчун узви "Давлати исломӣ" амал кардааст. Шаҳрванди Олмону Марокаш дар ҷои ҳодиса боздошт шуда буд.

Тавре додситонӣ хабар медиҳад, Сафи С. моҳи январ ба Истамбули Туркия сафар кард, аз "Давлати исломӣ" барои анҷоми ҳамла дар Олмон дастур гирифтааст. Ин духтари 16-сола ба маҳзи ба Олмон баргаштан, тавассути интернет бо тундгароён тамос гирифта, хостааст, ки дар ташкили ҳамла ба вай кумак кунанд.

Ба ҷуз ин, мақомот як шаҳрванди 19-солаи суритабори Олмонро бо он айбдор мекунанд, ки вай аз ин ҳамла пешгирӣ накардааст. Эҳтимол меравад, Муҳаммад Ҳасан К. аз нақшаи Сафия огаҳ буд, аммо мақомотро хабардор накардааст.

XS
SM
MD
LG