Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон маросими расмии таҷлил аз Рӯзи истиқлолият бекор шуд


Дар Ӯзбекистон маросимҳои расмии таҷлили Рӯзи истиқлолияти ин кишварро бекор карданд. Аммо чорабиниҳои ҷашнӣ ва сайру гашти мардумӣ бахшида ба 25-солагии истиқлолияти Ӯзбекистон дар ҳамаи ноҳияҳои ин кишвар рӯзи 1 сентябр баргузор мешавад.

Девони вазирони Ӯзбекистон рӯзи 27 август хабар дод, ки президент Ислом Каримови 78-сола дар беморхона бистарӣ шудааст.

Духтари хурдии президент Лола Каримова - Тиллоева баъдтар дар саҳифаи фейсбукиаш навишт, ки падараш хунрезии мағзиро аз сар гузаронида ва дар шуъбаи эҳёи беморхона бистарӣ аст.

XS
SM
MD
LG