Ссылки доступа

Русия гузориши СММ дар бораи ҳамлаи кимиёвиро дар Сурия эътироф накард


Русия далелҳои истифодаи силоҳи кимиёвиро аз сӯи артиши Сурия қабул надорад. Ин далелҳо дар гузориши СММ ва Созмони манъи истифода силоҳи кимиёвӣ зикр шудааст.

Гузориши мазкур рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ баррасӣ шуд. Намояндаи доимии Русия дар СММ Виталий Чуркин гуфтааст, ки гузориш "ҳеч номеро дар бар намегирад". Вай бо баёни ин ҳарфҳо талаби ИМА ва кишварҳои дигарро дар бораи ҷорӣ кардани таҳрим зидди онҳое, ки дар Сурия силоҳи кимиёвӣ истифода бурдаанд, рад кард. Дар ҳамин ҳол, Чуркин эътироф кард, ки "эҳтимол дорад, хлор истифода шуда бошад".

Созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқи Human Righs Watch Русияро бо он айбдор кард, ки намегузорад парванда ба Додгоҳи байналхалқии Гаага фиристода шавад.

Бритониё ва Фаронса мегӯянд, роҳбарияти Сурия ва президенти ин кишвар Башор Асад ҷиноятҳои ҷангӣ анҷом медиҳанд ва силоҳи кимиёвӣ истифода мебаранд.

Коршиносони СММ 24 август гузоришеро муаррифӣ карданд, ки бар асоси он, дар Сурия ҳам артиши давлатӣ ва ҳам гуруҳи "Давлати исломӣ" аз силоҳи кимиёвӣ истифода бурдааст. Дар гузориш 130 ҳолати истифодаи зарин, гази хлор ва дигар навъи моддаҳои кимиёвӣ аз декабри соли 2015 то августи 2016, зикр шудааст.

XS
SM
MD
LG