Ссылки доступа

Расонаҳои ИМА: рахнагарони интернетии Русия Кохи сафедро нигарон кардаанд


Мақомоти Амрико дастур гирифтаанд, ки оқибатҳои эҳтимолии ҳамлаҳои рахнагарони интернетии Русияро зидди созмонҳои сиёсии Амрико таҳқиқи кунанд.

Ин таҳқиқро хадамоте, ки дар замони "ҷанги сард" таъсис шуда буд, бар дӯш хоҳад дошт. Русия, Чин, Эрон ва Куриёи Шимолӣ дар рӯйхати давлатҳое ҳастанд, ки эҳтимол зидди ИМА ҳамлаи интернетӣ анҷом диҳанд.

Моҳҳои охир дар бораи рахна шудани компютерҳои ҳизби демократии ИМА, компютерҳои Ҳиллари Клинтон ва чанд марказҳои ғайридавлатии таҳқиқотӣ хабар мерасад.

Тибқи хабарҳои ғайрирасмӣ, мақомоти махсуси ИМА бар ин назаранд, дар аксари ин ҳолатҳо рахнагарони интернетии Русия, ки бо дастури мақомоти махсуси давлатӣ кор мекунанд, даст доранд.

XS
SM
MD
LG