Ссылки доступа

Бритониё имсол аз Иттиҳоди Аврупо хориҷ намешавад


Бритониё имсол аз ҳайати Иттиҳоди Аврупо (ИА) хориҷ нахоҳад шуд. Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе сарвазири ин кишвар Тереза Мэй хабар додааст.

Вай ҳамчунин эҳтимоли баргузории раъйпурсии иловагиро барои мондан ё хориҷ шудани кишвараш аз ИА номумкин хонда, афзуд, "Бритониё бо роҳи номашруъ ба ИА барнамегардад".

Дар раъйпурсии моҳи июни соли ҷорӣ 52 дарсади бритониёиҳо ба ҷонибдорӣ аз хориҷшавии кишварашон аз ҳайати ИА овоз доданд. Иттиҳоди Аврупо борҳо аз Бритониё хост, ки ҳар чи зудтар раванди хориҷшавии аз ИА-ро шуруъ кунад.

XS
SM
MD
LG